Субҳи рӯзи 6 октябр 300 нафар зойирини тоҷик, сокинони вилояти Хатлон бо хатсайри Мадина – Душанбе ба ватан бармегарданд.
Котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамватанони мо тариқи як хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Flynas»-и Арабистони Саудӣ ба ватан интиқол дода мешаванд.
Зимнан хотиррасон шуд, ки бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ баъди адои маросими ҳаҷ санаи 17 сентябр шурӯъ шуд. Имсол шумори квотаҳо барои тоҷикистониён тағйир наёфта, 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси ислом мушарраф гардиданд. Арзиши ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 600 доллари ИМА ё худ 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирамро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Lenta.ru менависад, соли 2017 арзиши ҳаҷ метавонад боз боло равад ва ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ бо андешидани чунин тадбирҳо умедворанд, ки даромад аз бахши ғайриашёи хоми иқтисодро зиёд кунанд.


