Панҷ туҳфа барои президенти Тоҷикистон

Ба шахсе, ки ҳама чиз дорад, боз чӣ метавон ҳадя кард? Шояд имрӯз дӯстону наздикони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз, 5 октябр 64-солагиашро ҷашн мегирад, сари ин мушкил фикр дошта бошанд. Имсол ба президент чӣ туҳфаҳо тақдим мекунанд, алҳол маълум нест, вале «Азия-Плюс» тасмим гирифт, ки пештар чӣ гуна туҳафҳо гирифтани сарвари давлатро ба […]

Лилия Гайсина

Ба шахсе, ки ҳама чиз дорад, боз чӣ метавон ҳадя кард? Шояд имрӯз дӯстону наздикони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз, 5 октябр 64-солагиашро ҷашн мегирад, сари ин мушкил фикр дошта бошанд. Имсол ба президент чӣ туҳфаҳо тақдим мекунанд, алҳол маълум нест, вале «Азия-Плюс» тасмим гирифт, ки пештар чӣ гуна туҳафҳо гирифтани сарвари давлатро ба хотир орад.

Аз Путин

Чор сол пеш Эмомалӣ Раҳмон 60-солагиашро қайд кард. Ҷашни зодрӯзи ӯ ба рӯзҳои сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон рост омад. Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон милтиқи муосири мерганӣ ва нусхаи корти сабти маллоҳ (матрос)-и Флоти ҳарбӣ-баҳрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кард.

«Ман ҳамеша медонистам, ки Шумо шахси оқилед ва моро маҳз дар зодрӯзатон даъват кардаед ва имрӯз мо ягон хоҳиши шуморо рад карда наметавонем. Моро лозим меояд, ки ҳамаи чизи аз мо дархосткардаатонро ба имзо расонем», – шӯхиомезона гуфта буд Путин.

Аз Лукашенко

Соли 2011 сафари президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон низ ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон рост омада, дар Душанбе сарони кишварҳо бо ҳам теннисбозӣ кардандв а сипас Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон ракеткаи теннис ҳадя кард, ки ба тенисбоззани маъруфи белорусӣ Виктория Азаренко тааллуқ дорад.

Аз Бердимуҳаммедов

Соли 2013 президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар зодрӯзи президенти Тоҷикистон ба ӯ аспи ахалтекинӣ бо лақаби «Диёр»-ро туҳфа кард.

Аз ИДМ

Соли 2007 дар нишасти ИДМ дар Душанбе ба муносибати 55-солагӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони фахрии ИДМ қадрдонӣ шуд.

Аз мардум

Чор сол пеш сокинони шаҳри Хуҷанд ба қуллаи баландтарини шимоли Тоҷикистон – Музбек (1624 метр) баромада дар он расм (портрет)-и президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро насб карданд. Паҳлӯи он расми президенти Русия Владимир Путин низ гузошта шуд, ки ду рӯз пештар аз ҳамтои тоҷики худ зодрӯзашро ҷашн мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.