Лоиҳаи иҷтимоии сартосарии Huawei дар бахши ТИК

Ширкати Huawei амалисозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» (Seeds for the Future)-ро дар бахши Технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар Тоҷикистон оғоз намуд. Ба ин муносибат ахири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи Hayatt Regency Dushanbe бо иштироки директори генералии ширкати Huawei дар Тоҷикистон Чжу Тянсин, мушовири президенти ҶТ оид ба масоили кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини аввали вазири маориф […]

Asia-Plus

Ширкати Huawei амалисозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» (Seeds for the Future)-ро дар бахши Технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар Тоҷикистон оғоз намуд.

Ба ин муносибат ахири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи Hayatt Regency Dushanbe бо иштироки директори генералии ширкати Huawei дар Тоҷикистон Чжу Тянсин, мушовири президенти ҶТ оид ба масоили кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Бобоев, директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов, нахустин иштирокчиёни лоиҳа ва намояндагони ВАО нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар доираи амалисозии ин барнома, ки ба омӯзиши кормандони давлатии ҷавон ва ояндадор дар бахши ТИК нигаронида шудааст, рӯзи 2 октябр аллакай 10 нафар иштирокчиёни барнома ба давраи омӯзишии дуҳафтаина ба Чин раҳсиапор шуданд, ки дар он ҷо бо мероси фарҳангиву таърихии Чин аз наздик шинос шуда, аз марказҳои намоишгоҳӣ ва озмоишгоҳҳои инноватсионии ширкати Huawei боздид мекунанд.

– Ҳарчанд имрӯз технологияҳои мо ба 85%-и корбарон аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистон хизматгузорӣ кунанд ҳам, мо дар фикри онем, ки барои рушди индустрияи телекоммуникатсионии Тоҷикистон боз чӣ саҳме гузошта метавонем, то ки рушди дарозмуҳлат таъмин карда шавад, – гуфт директори ширкат Чжу Тянсин.

Ба гуфтаи номбурда, роҳандозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат буда, ба масъалаи омодасозии мутахассисон дар бахши ТИК дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.