Дархости Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов санаи 4 октябри соли 2016 дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоӣ”, ки дар пешорӯи Конфронси байналмилалии Брюссел оид ба Афғонистон баргузор шуд, ширкат намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин ҷаласа атрофи нақши зерсохтор, транзит ва тиҷорати минтақавӣ дар таъмини […]

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов санаи 4 октябри соли 2016 дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоӣ”, ки дар пешорӯи Конфронси байналмилалии Брюссел оид ба Афғонистон баргузор шуд, ширкат намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин ҷаласа атрофи нақши зерсохтор, транзит ва тиҷорати минтақавӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва роҳҳои эҳёи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар сурат гирифт. 

Сироҷидин Аслов дар суханронии хеш ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла аҳамияти иҷрои тарҳҳои зерсохтории миллию минтақавиро, бахусус дар ҷодаҳои энержӣ, иртибототи нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадиро таъкид намуд. Дар ин росто ҳамчунин таваҷҷуҳи ширкаткунандагони чорабинии мазкур ба зарурати гирифтани иқдомҳои муассир барои таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон ва бартарафсозии монеаҳо дар самти тиҷорати байниминтақавӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Афғонистон ва шукуфоии иқтисодии минтақа аст, ҷалб карда шуд. 

Конфронси байналмилалии Афғонистон зери унвони “Шарикӣ баҳри шукуфоӣ ва сулҳ” бо ширкати ҳайатҳои 70 кишвар ва 30 созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ба мақсади кумакҳои молӣ барои бозсозии Афғонистон дар чаҳор соли оянда рӯзи 5 октябри соли 2016 дар Брюссел баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.