Ф.Могеринӣ: Осиёи Марказӣ барои Иттиҳодияи Аврупо воқеан ҳам муҳим мебошад

Дар шаҳри Брюссел рӯзи 4 октябр муовини президенти Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва Комиссионери ҳамкориву рушди байналмилалӣ Невен Мимика бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин нишаст ҳамаи панҷ вазири хориҷӣ – Ерлан Идрисов аз Қазоқистон, Ерлан Абдилдаев аз Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов аз Тоҷикистон, Рашид Мередов […]

Радиои Озодӣ

Дар шаҳри Брюссел рӯзи 4 октябр муовини президенти Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва Комиссионери ҳамкориву рушди байналмилалӣ Невен Мимика бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин нишаст ҳамаи панҷ вазири хориҷӣ – Ерлан Идрисов аз Қазоқистон, Ерлан Абдилдаев аз Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов аз Тоҷикистон, Рашид Мередов аз Туркманистон ва Абдулазиз Комилов аз Узбакистон иштирок доштанд.

Дар изҳороти ниҳоии худ Федерика Могеринӣ гуфт, "Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Аврупову Осиё ҷойгир аст ва барои Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, ҳам муҳим мебошад.

Ба ҳангоми баррасии масоили обу энержӣ эҳсос мешуд, ки кишварҳо ба тафоҳуми бештар наздик мешаванд.

​Дар ҳамкории тарафҳо имкониятҳои дастнохӯрдаи хеле зиёд аст, ки бахши сармоягузориву тиҷорат, инфрасохтор ва ё ҳамкориҳои миёни мардумро дар бар мегирад".

Вай гуфт, ин ҳамкориҳои амалкунанда бахшҳои зиёд, аз ҷумла таҳдидҳои амниятиро дар бар мегирад. "Дар оянда, – гуфт ӯ, – ҳамкориҳои бештар дар бахши иқтисод ва рушд хоҳад буд". Комиссионер Мимика гуфт, "дар нишасти имрӯза ҳамкорони Осиёи Марказӣ омодагии бештари худро ба хотири ҳамкорӣ ва натиҷаи хуб ба намоиш гузоштанд".

Ширкатдорон, инчунин, мувофиқа карданд, ки дар амри иҷрои ин ҳама ҳадафҳо набояд дар бораи мудирияти дуруст, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, волоияти қонун ва ҳамчунин бунёди ҷомеаи демократӣ фаромӯш шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.