Гурӯҳи охирини зойирини тоҷик рӯзи панҷшанбе ба ватан бармегардад

Субҳи рӯзи 6 октябр 300 нафар зойирини тоҷик, сокинони вилояти Хатлон бо хатсайри Мадина – Душанбе ба ватан бармегарданд. Котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамватанони мо тариқи як хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Flynas»-и Арабистони Саудӣ […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 6 октябр 300 нафар зойирини тоҷик, сокинони вилояти Хатлон бо хатсайри Мадина – Душанбе ба ватан бармегарданд.

Котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамватанони мо тариқи як хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Flynas»-и Арабистони Саудӣ ба ватан интиқол дода мешаванд.

Зимнан хотиррасон шуд, ки бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ баъди адои маросими ҳаҷ санаи 17 сентябр шурӯъ шуд. Имсол шумори квотаҳо барои тоҷикистониён тағйир наёфта, 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси ислом мушарраф гардиданд. Арзиши ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 600 доллари ИМА ё худ 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирамро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Lenta.ru менависад, соли 2017 арзиши ҳаҷ метавонад боз боло равад ва ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ бо андешидани чунин тадбирҳо умедворанд, ки даромад аз бахши ғайриашёи хоми иқтисодро зиёд кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.