Доналд Трамп: Русия роҳбарони ИМА-ро ҳурмат намекунад

Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп мавқеи Маскав нисбат ба масъалаи Сурияро мавриди интиқод қарор дода, Русияро дар қатъи созишнома дар бораи созишу оштӣ гунаҳкор донист. Зимни суханронӣ дар як ҷамъомад дар штати Аризона Трамп ба вазъ дар Шарқи Наздик ишора карда, изҳор намуд, ки Русия қарордод дар бораи созишу оштиро […]

Asia-Plus

Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп мавқеи Маскав нисбат ба масъалаи Сурияро мавриди интиқод қарор дода, Русияро дар қатъи созишнома дар бораи созишу оштӣ гунаҳкор донист.

Зимни суханронӣ дар як ҷамъомад дар штати Аризона Трамп ба вазъ дар Шарқи Наздик ишора карда, изҳор намуд, ки Русия қарордод дар бораи созишу оштиро риоя накарда ва акнун Сурияро мавҷи тирпаррониву бомбафканӣ фаро гирифтааст. Ба ин кор ҳарчи зудтар хотима бахшидан зарур аст», – иброз доштааст ӯ.

Хабаргузории РБК менависад, ҳамчунин Трамп қайд кардааст, ки президенти Русия Владимир Путин «на президенти ИМА Барак Обама ва на номзад аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтонро ҳурмат намекунад».

Ёдрас мекунем, ки санаи 26 сентябр Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, бори нахуст дар як мунозираи доғи телевизионӣ дар бораи иқтисод ва сиёсати хориҷӣ баҳс карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.