Мурофиаи навбатии судӣ аз рӯи парвандаи сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта, 6 октябр дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати сарбоз хабар дод. Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии […]

Аҳлиддин Салимов

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта, 6 октябр дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати сарбоз хабар дод.

Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ  аз суд дархост намуд,  ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо  лату кӯб карда , гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. 

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Баъди мавриди амал қарор гирифтани ду қонуни авфи ахир, аз муҳлати ҷазои ӯ камтар аз се сол боқӣ мондааст.

Моҳи майи соли 2015 Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард, лекин баъди ин ҳам ҷонибҳо аз даъвоҳояшон даст накашида, моҳи августи соли 2015 Ҳайати мушовараи Суди олии Тоҷикистон бо баррасии шикоятҳои таҷдиди назари тарафҳо, қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 25 майи соли 2015-ро комилан бекор шумурда, парвандаро ҷиҳати баррасии нав ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе фиристод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.