Талоши Тоҷикистон ҷиҳати бозгашти шаҳрвандони «раҳгумзада»-и худ аз Шарқи Наздик

Имрӯз, 5 октябр палатаи поёнии парлумон санадҳо доир ба ҳамкории мутақобила дар бахшҳои мазкур бо кишварҳои ин минтақаро тасдиқ кард. Вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар бораи супоридани маҳкумшудагонро тасдиқ карданд. Санади мазкур моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба АМА ба имзо расида буд. […]

Пайрав Чоршанбиев

Имрӯз, 5 октябр палатаи поёнии парлумон санадҳо доир ба ҳамкории мутақобила дар бахшҳои мазкур бо кишварҳои ин минтақаро тасдиқ кард.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар бораи супоридани маҳкумшудагонро тасдиқ карданд. Санади мазкур моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба АМА ба имзо расида буд.

Зимни суханронӣ назди вакилон муовини прокурори генералии Тоҷикистон Муҳаммад Осимзода қайд кард, ки ин санад ба баргардонидани маҳкумшудагон ва идомаи адои ҷазо онҳо дар кишвари худ шароит фароҳам оварда, тартиби дархости интиқоли маҳкумшуда ва ҳамчунин имкони афв ё озодии ӯ аз идомаи ҷазо дар ватанро танзим мекунад.

Ҳамчунин палатаи поёнии парлумон имрӯз Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Кувайт дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро низ маъқул шуморид. Ин санад моҳи май соли ҷорӣ зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт ба имзо расида буд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров, ин санад барои ҳамкорӣ бо Кувайт дар соҳаи амният фазои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад, аз ҷумла созишнома тартиби табодули маълумот миёни хадамотҳои махсуси кишварҳоро танзим месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.