АНОНС
– Дар суди шаҳри Душанбе эълони ҳукм нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёров дар назар аст;
– Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардад;
– Гурӯхи охирини иборат аз 300 нафар зойирини тоҷик, сокинони вилояти Хатлон бо хатсайри Мадина – Душанбе ба ватан бармегарданд;
– Дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ шоми эҷодии Ҳунарманди марлумии Русия (РСФСР) Сергей Никоненко барпо мешавад. Оғоз соати 17:30;
– Дар бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон JAM Forum-и дуюм баргузор мешавад, ки дар доираи он маърӯзаҳои коршиносони сатҳи байнулмилалӣ дар бахши бозорёбӣ (маркетинг), робита бо ҷомеа, реклама ва рушди шахсият шунида шуда, машғулиятҳои онҳо низ сурат мегирад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8715 сомонӣ;
1 евро – 8.8232 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1220 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1920 – Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро.
1932 – Мавриди истифода қарор гирифтани комбинати абрешими Душанбе.
1966 – Ифтитоҳи Ҳафтаи адабиёти тоҷик дар Белорус.
2002 – Дар Душанбе маросими имзои Созишнома дар бораи марзҳои давлатӣ миёни ҶТ ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Мутобиқи он аз 1283 километр 1100 километри марз аломатгузорӣ шуд.
2004 — Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 182-юми созмони Интерпол шуд.
1900-1964 – Зодрӯзи шоир Суҳайлӣ Ҷавҳаризода.
1938 – Мавлуди ҳунарпешаи балет Шарафбону Турдиева.
1951 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муродбек Насриддинов.
1966 – Мавлуди овозхон Музаффар Шарифов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +19+21.


