Бонки Эсхата маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Русия дар бораи гум шудани воситаҳои пулияшро ҳангоми интиқоли онҳо тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба Маскав рад мекунад.
Агентии «Экономика сегодня» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз 6 халта пули Бонки Эсхата, ки ба бонки русиягии «Новиком» фиристода шуда буданд, гум шудани ду халтаи он ошкор шудааст.
«Мувофиқи маълумоти расмӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқу санҷиши дар ин робита суратгирифта, далели гум шудани пулҳо тасдиқ нашуд. Ҳамин тариқ, ба Бонки Эсхата ҳеҷ зиёне нарасидааст. Маълумоти ВАО дар ин хусус беасос буда, онҳо ба шитобкорӣ роҳ додаанд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Бонки Эсхата».


