ХБА дурнамои рушди ММД-и Тоҷикистонро беҳтар арзёбӣ кард

Дар гузориши моҳи октябри Хазинаи байнулмилалии асъор «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» (World Economic Outlook) дурнамои рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон нисбатан беҳтар – дар сатҳи 6% пешгӯӣ шудааст. Дар оғози сол таҳлилгарони Хазина рушди ММД Тоҷикистонро то охири сол дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% пешгӯӣ карда буданд. Тибқи пешгӯии ХБА, соли 2017 рушди ММД-и ҷумҳурӣ […]

Asia-Plus

Дар гузориши моҳи октябри Хазинаи байнулмилалии асъор «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» (World Economic Outlook) дурнамои рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон нисбатан беҳтар – дар сатҳи 6% пешгӯӣ шудааст.

Дар оғози сол таҳлилгарони Хазина рушди ММД Тоҷикистонро то охири сол дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% пешгӯӣ карда буданд. Тибқи пешгӯии ХБА, соли 2017 рушди ММД-и ҷумҳурӣ метавонад то нишондиҳандаи 3,4% поин равад.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рушди аз ҳама бештари ММД давоми ду соли наздик дар Ӯзбекистон – 6%-ӣ пешгӯӣ шуда, солҳои 2016-2017 рушди ММД дар Туркманистон – 5,4%-ӣ; Қазоқистон – соли 2016 – 0,8% ва соли 2017 аз 1% то ба 0,6% ва Қирғизистон – соли 2016 – 2,2% ва соли 2017 – 2,3% арзёбӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ 32 млрд. 352,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар таносуби нархҳо 6,7% зиёдтар мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи на камтар аз 7% интизорӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,2%, сатҳи таваррум – 7%; Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,5%; Хазинаи байнулмилалии асъор рушди ММД Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% ва мизони таваррумро – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи рушди ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро – 4,8% ва мизони тавррумро – 7,5% пешгӯӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар гузориши «Шароити қолабӣ ва маблағгузорӣ ба рушди бахшу хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD/GREAT), ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) омода шудааст, қайд мешавад, ки тайи се соли ахир дар пешгӯиҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ фарқ ба мушоҳида мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.