Бонки Эсхата гумшавии пулҳояшро рад кард

Бонки Эсхата маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Русия дар бораи гум шудани воситаҳои пулияшро ҳангоми интиқоли онҳо тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба Маскав рад мекунад. Агентии «Экономика сегодня» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз 6 халта пули Бонки Эсхата, ки ба бонки русиягии «Новиком» фиристода шуда […]

Asia-Plus

Бонки Эсхата маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Русия дар бораи гум шудани воситаҳои пулияшро ҳангоми интиқоли онҳо тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба Маскав рад мекунад.

Агентии «Экономика сегодня» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз 6 халта пули Бонки Эсхата, ки ба бонки русиягии «Новиком» фиристода шуда буданд, гум шудани ду халтаи он ошкор шудааст.

«Мувофиқи маълумоти расмӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқу санҷиши дар ин робита суратгирифта, далели гум шудани пулҳо тасдиқ нашуд. Ҳамин тариқ, ба Бонки Эсхата ҳеҷ зиёне нарасидааст. Маълумоти ВАО дар ин хусус беасос буда, онҳо ба шитобкорӣ роҳ додаанд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Бонки Эсхата».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.