Ишораи коршиносон ба фарқ миёни пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ

Дар гузориши «Шароити қолабӣ ва маблағгузорӣ ба рушди бахшу хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD/GREAT), ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) омода шудааст, қайд мешавад, ки тайи се соли ахир дар пешгӯиҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ фарқ ба мушоҳида мерасад. «Дар ҳоле ки пешгӯиҳои созмонҳои байнулмилалӣ рӯ ба поинравианд, пешгӯиҳои расмии иқтисодии […]

ASIA-Plus



Дар гузориши «Шароити қолабӣ ва маблағгузорӣ ба рушди бахшу хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD/GREAT), ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) омода шудааст, қайд мешавад, ки тайи се соли ахир дар пешгӯиҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ фарқ ба мушоҳида мерасад.

«Дар ҳоле ки пешгӯиҳои созмонҳои байнулмилалӣ рӯ ба поинравианд, пешгӯиҳои расмии иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мемонанд», – таъкид месозанд коршиносон.

Қайд мешавад, ки пешгӯиҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон  пас аз буҳрони молии сартосарии солҳои 2007-2008 ва сустшавии назаррасии суръати рушд дар соли 2009 ба таври кофӣ эҳтиёткорона буданд.

«Давоми солҳои 2010-2012 пешгӯиҳои ҳамаи ташкилотҳо нисбат ба суръати воқеъии рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар Тоҷикистон пасттар буданд. Пешгӯиҳои соли 2013 аз ҳама бештар ба воқеъият наздиктар буданд», – гуфта мешавад дар гузориш.

Мутобиқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2016 ҳаҷми рушди ММД – 7%-ро ташкил дода, нигаҳдории тавррум низ дар ҳамин сатҳ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,2%, сатҳи таваррум – 7%; Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,5%; Хазинаи байнулмилалии асъор рушди ММД Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% ва мизони таваррумро – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи рушди ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро – 4,8% ва мизони тавррумро – 7,5% пешгӯӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.