Аҳолии осоиштаи Кундуз аз дасти толибон ҳалок мешавад

Дар ҷараёни даргириҳои шадиди мусаллаҳона дар шаҳри Кундузи Афғонистон миёни ҷангиёни Толибон ва нерӯҳои амнияти ҳукумат даҳҳо нафар аҳолии осоишта ҳалок ва садҳо нафар ҷароҳат бардошта, айни замон 80%-аҳолӣ шаҳрро тарк кардааст. Хабаргузории «Афганистан.ру» бо такя ба гуфтаҳои раиси Шӯрои музофоти Кундуз Муҳаммад Юсуф Аюбӣ иттилоъ додааст, ки ҷасади сокинони ҳалокшудаи шаҳр то ҳол дар […]

АИ "Фергана"

Дар ҷараёни даргириҳои шадиди мусаллаҳона дар шаҳри Кундузи Афғонистон миёни ҷангиёни Толибон ва нерӯҳои амнияти ҳукумат даҳҳо нафар аҳолии осоишта ҳалок ва садҳо нафар ҷароҳат бардошта, айни замон 80%-аҳолӣ шаҳрро тарк кардааст.

Хабаргузории «Афганистан.ру» бо такя ба гуфтаҳои раиси Шӯрои музофоти Кундуз Муҳаммад Юсуф Аюбӣ иттилоъ додааст, ки ҷасади сокинони ҳалокшудаи шаҳр то ҳол дар кӯчаҳо боқӣ монда, бинобар сабаби идомаи даргириҳо гирифтану ба хок супурдани онҳо ғайриимкон аст.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд. Афроди гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чанд самт барои ишғоли шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ҳамлаҳоро оғоз карданд, аммо бо муқовимати нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд.

Ноиби аввали президенти Афғонистон генерал Абдул Рашид Дӯстум рӯзи 9 октябр оғози амалиёти бузурги поккорӣ дар Кундузро эълон карда, изҳор доштааст, ки озодкунии шаҳр аз толибон бар асари камсамар будани фаъолияти раҳбарияти низомии маҳаллӣ ба вукӯъ пайвастааст ва аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифтааст, ки ваколати раҳбарияти поккорииро ба дӯши худ гирад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони раҳбарияти маҳаллии артиш ва мақомоти пулис дар бораи беҳбуди тадриҷии вазъ дар Кундуз маълумот дода, изҳор кардаанд, ки давоми як ҳафта толибон 200 нафар ҷангиёнашонро талаф дода, ҳамагӣ 20 нафар кормандони сохторҳои қудратии кишвар ҳалок ва маҷрӯҳ шудаанд. Аммо манбаъҳои дигар ин маълумотро носаҳеҳ хонда, зикр мекунанд, ки дар ҷараёни даргириҳо бо толибон даҳҳо тан аз низомиёну кормандони пулис ҳалок шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.