55.555 сомонӣ – мукофоти навбатии Дилшод Назаров

Имрӯзҳо қаҳрамони Бозиҳои олимпии Бразилияро бонавбат барои вохӯрӣ ба вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои гуногун даъват мекунанд. Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат ва ҳамзамон роҳбари Федерератсияи варзиши сабук ва мактаби варзишӣ буда, ҳарчанд вақти зиёде барои вохӯриҳоро надошта бошад ҳам, кӯшиш мекунад, ки хоҳиши даъваткунандагонро рад накунад. Чунин як […]

Сайфиддин Қараев

Имрӯзҳо қаҳрамони Бозиҳои олимпии Бразилияро бонавбат барои вохӯрӣ ба вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои гуногун даъват мекунанд.

Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат ва ҳамзамон роҳбари Федерератсияи варзиши сабук ва мактаби варзишӣ буда, ҳарчанд вақти зиёде барои вохӯриҳоро надошта бошад ҳам, кӯшиш мекунад, ки хоҳиши даъваткунандагонро рад накунад.

Чунин як вохӯрии навбатӣ бо иштироки мутахассисону мухлисон ва рӯзноманигорон рӯзи 8 октябр дар спорт-бари «Истиқлол» доир гардид. Дар фарҷоми вохӯрӣ Неъмат Ҷалолиддинов, директори генералии ширкати «Формула 55» ба Дилшод Назаров сертификат ба маблағи 55.555 ҳазор сомониро тақдим карда, ҳамчунин дигар вразишгаронро низ барои саҳми арзанда дар рушди варзиш бо мукофотҳо қадрдонӣ намуд.

Дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ҳар кадоме аз иштирокчиёни вохӯрӣ имкон доштанд, ки ба Дилшод Назаров саволи худро диҳанду шахсан бо ӯ ҳамсуҳбат шаванд. Дар анҷоми вохӯрӣ бо варзишгари маъруф маросими аксбардорӣ баргузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.