Ба хотири амнияти худ Тоҷикистон бояд ба пахши рақамӣ гузарад

Asia-Plus

Тоҷикистон дар қатори 103 кишвари саросари дунё узви Иттифоқи байнулмилалии алоқа буда, соли 2006 уҳдадор шудааст, ки то соли 2015 пурра ба пахши рақамӣ гузарад, аммо дар ин муҳлат аз иҷрои уҳдадорӣ набаромад.

Амалисозии тадбирҳои гузаштан ба пахши рақамӣ ба дӯши корхонаи давлатии ҶСК «Телерадиоком» вогузор шуда, то 17 июни соли 2015 ҳамаи шабакаҳо бояд ба ин тарзи пахши барномаҳо мегузаштанд.

Бино ба маълумоти «Телерадиоком», айни замон 6 шабакаи давлатии телевизион бо пахши рақамӣ ва 6 шабакаи телевизиони хориҷӣ («Арена ТВ», «Наука 2.0», Animal Planets, Euronews, «Карусел» ва Discovery) бо реҷаи тестӣ (озмоишӣ) барнома пахш намуда, «ТВ Кӯлоб», «ТВ Хатлон», «ТВ Суғд» ва «ТВ Бадахшон» низ ба номгӯи таҷҳизот (мултиплекс)-и минтақавии пахши рақамӣ дохил шудаанд.

Ду шабакаи телевизиони мустақили вилояти Суғд – СМ1 ва ТРК «Азия» низ дар реҷаи озмоишӣ ба мултиплекс дохил шуда, аммо баъдан бинобар сабаби талаб шудани арзиши баланд барои пахш дар мултиплекс – 32 сомонӣ барои 1 соат маҷбур шуданд, ки аз он хориҷ шаванд.

Ба гуфтаи Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҒД «Хома», узви гурӯҳи кории Кумитаи телевизиону радио дар ин самт, ҳолате ба вуҷуд омадааст, ки шабакаҳои телевизиони мустақили Тоҷикистонро ба пахши рақамӣ бепул роҳ надода, вале шабакаҳои тиҷоратии хориҷиро иҷоза медиҳанд…

– Аз ин бармеояд, ки ҳозир мо минтақаи фарогирии шабакаҳои телевизиони хориҷиро васеъ карда, барои шабакаҳои худамон нархҳоеро муқаррар менамоем, ки шабакаҳои мустақили телевизион ба пардохти арзиши хизматгузориҳои «Телерадиоком» қодир нестанд, – мегӯяд ӯ.

Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистон бояд ба гузариш ба пахши рақамӣ манфиатдор бошад, то ки ба аҳолӣ на аз пойгоҳҳои хориҷӣ, балки аз сарчашмаҳои муътамад маълумот дастрас шавад.

Маълумоти муфассал доир ба сабабҳои пурра ва саривақт нагузаштани Тоҷикистон ба пахши рақамӣ ва оқибатҳои он, маблағи пешбинишудаи хароҷот ба он ва дигар ҷузъиёти марбут ба ин масъаларо аз шумораи имрӯз интишоршудаи газетаи «Азия-Плюс» дарёфт карда метавонед, ки аллакай дар фурӯш аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...