Нигаронии СММ аз ҳукми адвокатҳо дар Тоҷикистон

Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Фараж», дар изҳорот гуфта мешавад, ин ду вакили дифоъ "дар мурофиаи амалан пӯшида" аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳомоти қаллобӣ, […]

Нашрияи «Фараж»

Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Фараж», дар изҳорот гуфта мешавад, ин ду вакили дифоъ "дар мурофиаи амалан пӯшида" аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳомоти қаллобӣ, сохтакорӣ, "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ" ва экстремизм мутаносибан ба 23 ва 21 сол зиндонӣ шуданд. ​

"Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" моҳи сентябри соли 2015 баъди иқдомаш барои ташкили кумитаи ҳифзи аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва расонаӣ кардани эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш – муовини раиси ҲНИТ дастгир шуда буд. Баъдтар, моҳи октябри соли 2015 Нуриддин Маҳкамов, ки ҳимоятгари Ёров буд, дастгир гардида, минбаъд бо ҷурмҳои монанд маҳкум шуд. Илова бар ин, ҳарду аз машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ баъди адои ҷазо ба муҳлати 5 сол маҳрум шуданд", – таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳукми онҳо "бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст".

Ҳарду маҳкумшуда гуфтанд, айбҳои эълоншударо эътироф намекунанд ва дар додгоҳи таҷдиди назар барои бозбинии ҳукм мубориза хоҳанд бурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.