Иҷозаи бозгашти 225 нафар тоҷикони хориҷшуда ба қаламрави Русия

Аз оғози соли равон Русия ба 225 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан ба муҳлати се сол вурудашон ба ин кишвар манъ шуда буд, иҷозат бозгашт ба қаламравашро дод. Ҳамаи онҳо дар Русия амволу оила доранд ва ё хешовандонашон дар он ҷо беморанд. Аз 225 нафари шаҳрвандони иҷозаи бозгашт ба Русия гирифта 67 нафарашон – сокинони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз оғози соли равон Русия ба 225 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан ба муҳлати се сол вурудашон ба ин кишвар манъ шуда буд, иҷозат бозгашт ба қаламравашро дод. Ҳамаи онҳо дар Русия амволу оила доранд ва ё хешовандонашон дар он ҷо беморанд.

Аз 225 нафари шаҳрвандони иҷозаи бозгашт ба Русия гирифта 67 нафарашон – сокинони шаҳри Душанбе, 15 нафарашон – ВМКБ, 35 нафарашон – вилояти Суғд, 82 нафарашон – вилояти Хатлон ва 25 тан – сокинони ноҳияҳои тобеи марказ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан барои нақзи қонунгузории муҳоҷират аз Русия хориҷ шуда буданд, дубора ба иҷозаи бозгашт ба ин кишвар соҳиб шуданд.

Ғайр аз ин, давоми ду сол ҳамчунин 380 нафар донишҷӯёни тоҷики муҳассили мактабҳои олии Русия низ, ки барои риоя накардани муқаррароти қонунгузории будубош хориҷ шуда буданд, барои таҳсил ба Русия баргаштанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2016 Русия вуруди 333 ҳазору 391 нафар тоҷикистониён ба қаламрави кишварашро манъ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.