Обуҳавои Тоҷикистон якбора сарду сербориш мешавад

Шоми имрӯз обуҳавои Тоҷикистон якбора сард мешавад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, шаби 13 ба 14 октябр боридани борон ва баъзан боришоти шадид дар назар аст. Дар кӯҳҳо дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония афзуда, рӯзи 14 октябр ҳарорат то 6-7 дараҷа поин меравад. […]

Asia-Plus

Шоми имрӯз обуҳавои Тоҷикистон якбора сард мешавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, шаби 13 ба 14 октябр боридани борон ва баъзан боришоти шадид дар назар аст. Дар кӯҳҳо дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад.

Суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония афзуда, рӯзи 14 октябр ҳарорат то 6-7 дараҷа поин меравад. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ селфароӣ аз эҳтимол дур нест.

Чунин обуҳавои номусоид ба рафти корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ва ҳаракати нақлиёт мушкил эҷод карда метавонад.

Дар ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар ҳарорат рӯзона – то 27 дараҷа, дар вилояти Суғд – 18-23 дараҷа ва дар ноҳияҳои тобеи марказ – 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи ғарби ВМКБ ҳарорат 15-20 дараҷа ва дар шарқи он – 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар пойтахти кишвар гармии обуҳаво то 25 дараҷа дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.