Бордюжа доир ба тадбирҳои муассири раҳбарияти Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳо

Asia-Plus

Рӯзи 14 октябр дар Ереван ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад, ки дар кори он иштироки сарони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар назар аст.

Дар остонаи нишаст дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «МИР 24» дар робита ба вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳор намуд, ки тадбирҳо дар ин самт алҳол ба таври комил кофӣ нестанд.

«Нахуст дар бораи кумаки ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо ин кишвар гуфтаниам, ки ин кор амалӣ шуд ва имрӯз марзбонони тоҷик аз нигоҳи таъминот бо аслиҳаву таҷҳизот ба муқовимат бо ҳар гуна таҳдидҳо қодиранд», – иброз доштааст ӯ.

Дабири кулли СААД ҳамчунин қайд кардааст, ки ахиран раҳбарияти Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои назарраси муассир рӯйи кор гирифт. «Гуфтаҳои чане қабли президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи танҳо тайи соли ахир дар марз сохта шудани 84 адад дидбонгоҳи сарҳадӣ ва мавриди бунёд қарор доштани боз зиёда аз 100 иншоот дар марз мисол оварда метавонам ва ҳамаи инро Тоҷикистон мустақилона бунёд кард», – зикр кардааст номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.