Террористон «худӣ»-ву «бегона» намешаванд

Маънои мафҳуми «ифротгароӣ» (эсктремизм) то ҳол мушаххас нест, чаро истифодаи таҷрибаи Олмон барои мо дар мубориза бо ин падида дуруст намеояд ва оё террористон «худӣ»-ву «бегона» мешаванд? «Азия-Плюс» аз суханрониҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар семинар оид ба масъалаи ҳаллу фасли мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез, ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе доир гардид, иқтибосҳои нисбатан […]

Asia-Plus

Маънои мафҳуми «ифротгароӣ» (эсктремизм) то ҳол мушаххас нест, чаро истифодаи таҷрибаи Олмон барои мо дар мубориза бо ин падида дуруст намеояд ва оё террористон «худӣ»-ву «бегона» мешаванд?

«Азия-Плюс» аз суханрониҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар семинар оид ба масъалаи ҳаллу фасли мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез, ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе доир гардид, иқтибосҳои нисбатан ҷолибро гирдоварӣ намуд.

Хидаят Бишчевич, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон:

– Мухолифат дар Афғонистон ба зуҳури падидаи ифротгароӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо бар ин назар аст, ки барои таъмини сулҳу субот дар ҷомеа тавсеъа бахшидан ба муколама миёни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор зарур аст.

Андреа Шмитс, директори минтақавии Фонди Эберт дар Қирғизистон:

– Терроризм ба ислом муносибат надорад. Тундгароӣ имкон дошт, ки ҳангоми таъқибу муҷозоти муайяни раҳбарияти динӣ ба вуҷуд ояд.

Манучеҳр Маҳмудзода, намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон:

– Пеш аз дар бораи ифротгароӣ сухан гуфтан, муайян кардан зарур аст, ки дар асл ин чист, зеро маънои мушаххаси ин мафҳум вуҷуд надорад. Дар ин самт намояндагони Прокуратураи генералӣ ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд.

Маттиас Хартвиг, профессор аз Олмон:

– Аз таҷрибаи солҳои 70-уми Олмон, ки он замон кишварро мавҷи ҳаракатҳои чапи тундгаро фаро гирифта буд, истифода мебояд кард. Ҳукумат стратегияи бисёрҷонибаи зиддитеррористиро таҳия ва дар амал ҷорӣ намуд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси мустақил:

– Муддати 30 сол кишварҳои капиталистӣ террористонро омода кардаву акнун бо онҳо мубориза мебаранд. Террористон «худӣ»-ву «бегона» намешаванд. Кӣ онҳоро маблағгузорӣ мекунад? Дар муқоиса бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҷиҳати тарғиби ғояҳои коммунистӣ дар замони худ, Арабистони Саудӣ барои рушди салафия дар саросари ҷаҳон 4 маротиба бештар мабалғ сарф кард. Мушкилоти терроризму ифротгароӣ бояд аз ҷониби кишварҳои абарқудрат дар сатҳи глобалӣ ҳаллу фасл шавад.

Татяна Хатюхина, директори минтақавии ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»:

– Мубориза бо терроризму ифротгароӣ бояд бидуни таассуб (фанатизм) роҳандозӣ шавад. Ин мубориза бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳуқуқҳои инсон поймол нагардад.

Манучеҳр Маҳмудзода, намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон:

– Мо набояд ба таҷрибаи истифодаи меъёрҳои дугуна идома диҳем. Соли 2010 мо таҷрибаи Олмон дар масъалаи пешгирии терроризму ифротгароиро омӯхта, акнун фаҳмидем, ки ин таҷриба пурсамар нест.

Маризо Халифазода, намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон:

– 90%-и ҷангиёни тоҷик дар сафҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ тариқи Интернет ба он ҷалб шуда, 80%-и онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки дар Русия ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. Аз лиҳози пешгирии ба тундгароӣ гаравидани ҷомеа омӯзишу таҳқиқи ин мушкилот хеле муҳим аст. Мо ҳамаи ташкилотҳои ғайридавлатиро ба ҳамкорӣ даъват мекунем. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон бо ин падидаҳо пурсамар мубориза бурд.

Лола Олимова, директори барномавии IWPR:

– Мо дар лоиҳаҳо доир ба ин масъала фаъолият доштем, вале ягон Ташкилоти ғайридавлатиеро, ки фаъолияташ махсус ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо ба тундгароӣ гаравидани ҷомеа ва ифротгароӣ нигаронида шудааст, пайдо накардем.

Манучеҳр Маҳмудзода, намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон:

– Мо бо ҳама кор карда, Ташкилотҳои ғайридавлатиро ба худиву бегона ҷудо намесозем. Мутаассифона, шарикони байнулмилалиамон ташкилотҳои ҷудогонаи ғайридавлатиро дастгирӣ карда, дигарон «дар канор» мемонанд. Мо бо ҳама фаъолиятро ба роҳ мемонем.

Нигина Баҳриева, модератор, директори ФҶ «Нота Бене»:

– Чунин чорабиниҳо ба баррасии мушкилоти бештар муҳим оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ кумак мекунанд, ки боз як қадаме ба фаъолшавии он хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Беҳтарин оғоз: Тоҷикистон дилпурона дастаи Тайиландро мағлуб кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.