Лоиҳаи «Саводнокии молиявӣ»: Афзалият ва камбудиҳои интернет-бонкинг

Дар мавзӯи гузашта мо оид ба Интернет-бонкинг ва истифодаи он гуфтем.  Имрӯз мавзӯро идома дода, доир ба афзалият ва камбудиҳои Интернет-бонкинг сухан меронем. Сарфи назар аз пешқадам ва инноватсионӣ доштанаш, Интернет-бонкинг ҳамчун хизматрасонии бонкӣ хусусиятҳои худро дорад. Бисёриҳо аз пайдошавии он ниҳоят шоданд,  дигарон иртиботи «зинда»-ро бо бонк интихоб мекунанд. Биеёд афзалият ва камбудиҳои Интернет-бонкингро […]

Иттилоияи расмӣ

Дар мавзӯи гузашта мо оид ба Интернет-бонкинг ва истифодаи он гуфтем.  Имрӯз мавзӯро идома дода, доир ба афзалият ва камбудиҳои Интернет-бонкинг сухан меронем.

Сарфи назар аз пешқадам ва инноватсионӣ доштанаш, Интернет-бонкинг ҳамчун хизматрасонии бонкӣ хусусиятҳои худро дорад. Бисёриҳо аз пайдошавии он ниҳоят шоданд,  дигарон иртиботи «зинда»-ро бо бонк интихоб мекунанд.

Биеёд афзалият ва камбудиҳои Интернет-бонкингро дида мебароем(ниг. ба ҷадвали 1).

Ҷадвали 1

Афзалият

Камбудӣ

Шартҳои мусоид барои мизоҷ:

Зарурати ба бонк омадан нест.

Барои гузаронидани амалиёти бонкӣ дар навбат истодан зарурат надорад.

Худхизматрасонӣ. Агар дар бонк ворид намудан ва гузаронидани пардохтро корманди бонк анҷом диҳад, дар низоми Интернет-бонкинг мизоҷ худаш ҳамаи амалро иҷро менамояд.

Дастрасӣ дар реҷаи 24/7, яъне 24 соат дар шабонарӯз, 7 рӯз дар ҳафта. Бо назардошти он, ки вақтҳои кории бонкҳо маҳдуд аст, ба онҳое, ки мехоҳанд ҳисобашон дастрас бошад, Интернет-бонкинг муҳим аст. Ҳамчунин дастрасии доимӣ назорат кардани ҳисоби худро имконият медиҳад.

Муоширати ҷисмонӣ ва равонӣ кам мегардад. Мавҳуми муносибати инфиродӣ дар Интернет-бонкинг вуҷуд надорад, чунки муоширати “зинда” бо корманди бонк нест.

Шартҳои мусоиди бештар барои гузаронидани амалиёт (арзиши хизматрасонӣ) аз оне, ки дар бонк (ҷисмонӣ) гузаронида шуданд.

Бехатарӣ. Ҳамчун дигар низомҳо Интернет-бонкинг хатарҳо дорад. Дар байни онҳо “фишинг”-ро қайд намудан зарур аст. Қаллобон маълумоти бонкии мизоҷро тавассути гузаштан ба сомонаҳои қалбакии бонк, ки худашон ташкил кардаанд, мегиранд.

Огоҳ будан. Гирифтани маълумоти охирин, маълумот дар бораи маҳсулоти нави бонкӣ ва хизматрасониҳо осонтар шуд.

 

Чуноне, ки аз ҷадвал бармеояд афзалиятҳои  Интернет-бонкинг аз камбудиҳояш бештаранд, аммо интихоб аз мизоҷ аст.

Инчунин, шумо бояд донед, ки хизматрасонии Интернет-бонкинг ба мизоҷон имконияти иҷроиши амалиёти зеринро медиҳад:

1.         Пардохти хизматрасонӣ (қариб ҳамаи намудҳое, ки бонк бо онҳо шартнома дорад).

2.         Пур /кам кардани ҳисоби корти пластикӣ.

3.         Гирифтани иттилоот (электронӣ) оид ба амалиётҳои гузаронида шуда.

4.         Амалиёти ғайринақдии маблағ (харид, фурӯш, иваз).

5.         Гузаронидани маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар.

6.         Online- огоҳинома оид ба ворид шудани пардохт.

7.         Амалиёти дохилибонкӣ ва байнибонкӣ (рӯйхати онҳоро ҳар як бонк худаш таҳия мекунад).

Арзиши амалиёт тавассути Интернет-бонкинг аз намуди амалиёт ва тарофаҳои дохилии бонк вобаста аст. Инчунин амалиёти ройгон низ вуҷуд дорад.

Пеш аз имзо кардани шартнома оид ба ин намуди хизматрасонӣ, Шумо бояд бо тарофаҳо ва рӯйхати пурраи амалиёте, ки шумо истифода мебаред, ошно шавед.

Дар маводи оянда мо оид ба қаллобӣ ҳангоми истифодабарии почтаи электронӣ сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ.135 истифода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.