Бордюжа доир ба тадбирҳои муассири раҳбарияти Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳо

Рӯзи 14 октябр дар Ереван ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад, ки дар кори он иштироки сарони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар назар аст. Дар остонаи нишаст дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «МИР 24» дар робита ба вазъи марзи […]

Asia-Plus

Рӯзи 14 октябр дар Ереван ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад, ки дар кори он иштироки сарони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар назар аст.

Дар остонаи нишаст дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «МИР 24» дар робита ба вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳор намуд, ки тадбирҳо дар ин самт алҳол ба таври комил кофӣ нестанд.

«Нахуст дар бораи кумаки ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо ин кишвар гуфтаниам, ки ин кор амалӣ шуд ва имрӯз марзбонони тоҷик аз нигоҳи таъминот бо аслиҳаву таҷҳизот ба муқовимат бо ҳар гуна таҳдидҳо қодиранд», – иброз доштааст ӯ.

Дабири кулли СААД ҳамчунин қайд кардааст, ки ахиран раҳбарияти Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои назарраси муассир рӯйи кор гирифт. «Гуфтаҳои чане қабли президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи танҳо тайи соли ахир дар марз сохта шудани 84 адад дидбонгоҳи сарҳадӣ ва мавриди бунёд қарор доштани боз зиёда аз 100 иншоот дар марз мисол оварда метавонам ва ҳамаи инро Тоҷикистон мустақилона бунёд кард», – зикр кардааст номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.