Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-00;

– Дар маркази тиҷорати «Вефа» маросими тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуни беҳтарин иншо, акс ва расм «Ман бо духтари худ ифтихор дорам» баргузор мешавад. Оғоз соати 17-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8753 сомонӣ;

1 евро – 8.6896 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1220 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии стандартизатсия

1924 – Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон).

1948 – Таъсиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон.

2003 – Ифтитоҳи Бозиҳои V-уми Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки дар он беш аз 700 нафар варзишгарони минтақа ширкат варзиданд.

2004 — Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор шуд.

2009 — Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ»-ро маъқул шуморид, ки мутобиқи он минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ аз харидани манзили зист дар қаламрави ҶТ маҳрум шуданд.

2011 — Президент ба дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Анвар Юнусов автомашина тақдим намуд.

1912-1971 – Зодрӯзи дирижёр ва оҳангсоз Аъзам Камолов.

1929 – Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Лола Исмоилова, дорандаи дипломи №1-и ДДТ.

1933 – Зодрӯзи журналист Занҷирбек Ёрбеков.

1940-2003 – Мавлуди рӯзноманигор Малаш Раҳмонқулов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда,шабона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субщгощон борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субщгощон борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +19+21.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...