Таҳияи филми мустанад дар бораи Расул Боқиев

Шабакаи телевизиони ТВ «Варзиш» дар бораи дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 Расул Боқиев филми мустанад таҳия намуд. Гуштигири тоҷик айни замон дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Дар филми мустанади «Ҷаҳонпаҳлавон» дзюдочӣ доир ба дастовардҳову рӯйдодҳои фараҳбахш дар зиндагиву ҳаёти рӯзмаррааш, аз ҷумла ба дунё омадани духтарчааш Таҳмина, ифтитоҳи маркази варзишиаш дар Маскав ва ғайра […]

Asia-Plus

Шабакаи телевизиони ТВ «Варзиш» дар бораи дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 Расул Боқиев филми мустанад таҳия намуд. Гуштигири тоҷик айни замон дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Дар филми мустанади «Ҷаҳонпаҳлавон» дзюдочӣ доир ба дастовардҳову рӯйдодҳои фараҳбахш дар зиндагиву ҳаёти рӯзмаррааш, аз ҷумла ба дунё омадани духтарчааш Таҳмина, ифтитоҳи маркази варзишиаш дар Маскав ва ғайра ҳикоят мекунад.

Дар филм ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки имсол дар Бозиҳоии олимпии Рио шогирди Расул Боқиев – Александр Михайлин медали тилло ба даст оварда, Расул низ бо ифтихорномаҳои Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия қадрдонӣ шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=xA6OIN4pUKw

Варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар оилаи гуштигири номӣ Худойназар Боқиев таваллуд шуда, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистани олимпии соли 2008 дар Пекин, медали биринҷии чемпионати ҷаҳон соли 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 ва чемпиони Русия дар соли 2009 мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.