Анҷоми 2 лоиҳаи иҷтимоии ҳукумати Ҷопон дар Хатлон

Иттилоияи расмӣ

Оғои Такаши ОКИМОТО, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 14 октябри соли 2016 ба вилояти Хатлон сафар намуда дар маросимҳои анҷом ёфтани ду лоиҳае, ки тавассути Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гаштаанд, ширкат варзид.

Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо ширкати раисони ноҳияҳои Балҷувон ва Восеъ ва кормандони махалли ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштанд. Маблағи умумии лоиҳаҳо 208,921 доллари ИМА ро ташкил дод.

Дар маросими «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №11 дар деҳаи «Хироб»-и ҷамоати деҳоти «Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон», ғайр аз ҳузури раисаи нохия, хонум Маърифат ЗОИРОВА инчунин падару модар, талабагон ва мардуми ҷамоати мазкур ширкат доштанд. Маблағи лоиха бо мақсади беҳтар намудани муҳити таълимӣ ва низоми бақайдгирии талабагон босамар ба роҳ монда шуд. Хамчунон ҳукумати маҳаллии ноҳияи Балҷувон мактабро бо таҷҳизоти нави омузишӣ муҷаҳҳаз гардонид.

Маросими ба анҷом расидани “Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои беморхонаи минтақавии №3 дар қишлоқи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Рўдакии ноҳияи Восеъ” худи ҳамон руз баргузор гардид. Маросим бо ширкати хонум Лола ҒАФУРОВА муовини раиси ноҳияи Восеъ, кормандони беморхонаи мазкур ва мардуми маҳаллӣ созмон ёфт. Феълан бо анҷоми муваффақоани лоиҳа, бинои нави беморхона сохта шуда, барои кормандон ва беморон шароити барҳаво ва мусоиди санитарӣ ва муҳити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими мазкур, оғои ОКИМОТО дар бораи аҳамияти лоиҳаҳои GGP дар рушди Тоҷикистон суханронӣ намуда, раисони ноҳияҳо миннатдории самимии хешро ба Ҳукумати Ҷопон баҳри баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...