Генерал Назарзода 7 нафар роҳбарони ситодҳои ноҳиявиро аз кор озод кард

Санҷиши назоратӣ дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ бо аз мансаб сабукдӯш гардидани 7 нафар роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳо анҷом пазируфт. Раиси Кумита генерал Рустам Назарзода роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаро дар ноҳияҳои Шуғнон (ВМКБ), Дӯстӣ, Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон (вилояти Хатлон), Сангвор (ноҳияҳои тобеи марказ) ва Фирдавсӣ (ш.Душанбе) аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Санҷиши назоратӣ дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ бо аз мансаб сабукдӯш гардидани 7 нафар роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳо анҷом пазируфт.

Раиси Кумита генерал Рустам Назарзода роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаро дар ноҳияҳои Шуғнон (ВМКБ), Дӯстӣ, Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон (вилояти Хатлон), Сангвор (ноҳияҳои тобеи марказ) ва Фирдавсӣ (ш.Душанбе) аз кор озод кард. Ин қарорҳо дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумита қабул шудааст.

Сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфова хабар дод, ки ғайр аз ин, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти фаврӣ ва хизматӣ, чанде аз кормандони масъул муҷозот шудаанд.

Рустам Назарзода доир ба то охири сол омӯхтани корҳои тадорукотӣ ва тарбиявии сардорони ситодҳои вилоятӣ ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагии иншооти стратегӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи имконпазир, омодагӣ ба мавсими зимистон ва чораҷӯйӣ оид ба бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда дастур додааст.

Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ иштирок кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти нимсола сардорони раёсати идоракунии фаврӣ, кадрҳо, молия ва сардори ситодҳо дар ВМКБ, минтақаи Рашт, роҳбарони ситодҳои як қатор ноҳияҳо ва фармондеҳи яке аз қисмҳои ҳарбӣ аз мансабҳояшон сабукдӯш шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.