Қатли яке аз ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия «Моторола» дар Донетск

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии мардумии Донетс" (ҶМД) кушта шудани Арсен Павлов, яке аз фармондеҳони "ҷудоихоҳони ҶМД" бо лақаби "Моторола"-ро тасдиқ кард. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Интерфакс, Павлов дар натиҷаи таркиши лифти биное, ки дар он зиндагӣ мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, дар куштори фармондеҳи "ҷудоихоҳони […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии мардумии Донетс" (ҶМД) кушта шудани Арсен Павлов, яке аз фармондеҳони "ҷудоихоҳони ҶМД" бо лақаби "Моторола"-ро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Интерфакс, Павлов дар натиҷаи таркиши лифти биное, ки дар он зиндагӣ мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъҳо, дар куштори фармондеҳи "ҷудоихоҳони ҶМД" "гуруҳи тахрибгарию иктишофии Украина" айбдор мешавад. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон низ ба ҷони "Моторол" сӯиқасд сурат гирифта буд.

Павлов яке аз фармондеҳони бадноми, ба истилоҳ, "ҶМД" шумурда мешуд. Ин шаҳрванди Русияро ҳомиёни ҳуқуқ дар шиканҷаи низомиёни асирафтодаи Украина ва қатли Игор Брановитский, яке аз ҳимоятгарони фурудгоҳи Донетск айбдор мекунанд.

Раҳбарияти ҷудоихоҳон Павловро бо "Салиби Георгий" (ҷоизаи асосии низомии ҷумҳурии худхонда) ва ордени "Шуҷоати ҳарбӣ" қадрдонӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.