Шикояти сокинони минтақа аз қатъи мунтазами интиқоли барқ

Аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ аз оғози ҳафтаи гузашта иттилоъ медиҳанд. Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат медиҳанд. Сокинони чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ба […]

Asia-Plus

Аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ аз оғози ҳафтаи гузашта иттилоъ медиҳанд.

Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат медиҳанд.

Сокинони чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз 12 октябр шабонарӯзӣ ҳамагӣ муддати 8-10 соат бо барқ таъминанд.

Бино ба маълумоти торнамои Шабакаи миллӣ оид ба шаффофият ва ҳисоботнокӣ дар бахши таъминот бо барқ Barknest.tj, ки яке аз захираҳои Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мебошад, рӯзи 16 октябр ба аҳолии ноҳияи Файзобод – ҳамагӣ 7,5 соат ва ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва Тоҷикобод – 8 соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Вазъи қариб ба ин монанд дар бархе аз ноҳияҳои вилояту Суғду Хатлон низ ба мушоҳида мерасад. Айни замон танҳо аҳолии ВМКБ 24 соат бо нерӯи барқ таъмин аст.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки алҳол лимити истифодаи барқ ҷорӣ нашуда, барои ин қарори дахлдори ҳукумат зарур аст.

«Ҳозир чунин санад ба мо нарасидааст, зеро барои содир шудани он алҳол зарурате вуҷуд надорад. Гоҳе дар минтақаҳо қатъ шудани интиқоли барқ ба корҳои таъмиру омодагии дастгоҳу таҷҳизот вобаста аст», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки маъмулан нимаи тирамоҳ ба ҷуз марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ, дар Тоҷикистон реҷаи истифодаи маҳдуди нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, ки қариб то нимаи баҳори соли дигар,  то афзоиши сатҳи ҷоришавии оби дарёи Вахш идома меёбад.

Дар давраи тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби тобистон дар обанборҳои неӯгоҳҳои барқи обӣ ҷамъшуда истеҳсол мешавад. Соли гузашта лимит аз 18 октябр ҷорӣ гардида, аз аввали ин моҳ аллакай дар бораи маҳдудияти барқ маълумот мерасид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.