Даъвати Тоҷикистон барои пайвастан ба лоиҳаи рақамии CASA

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба лоиҳаи бузурги зерсохтории Digital CASA пайваст шавад.  Роҳбари минтақавии IFC (ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст) оид ба телекоммуникатсия Реҷендра Сингх дар ин робита изҳор намудааст, ки кишварҳои минтақа ба баҳрҳо роҳи баромад надоранд, ки ин зимни васл ба шабакаҳои байнулмилалӣ онҳро ба Русия вобаста […]

Asia-Plus

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба лоиҳаи бузурги зерсохтории Digital CASA пайваст шавад. 

Роҳбари минтақавии IFC (ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст) оид ба телекоммуникатсия Реҷендра Сингх дар ин робита изҳор намудааст, ки кишварҳои минтақа ба баҳрҳо роҳи баромад надоранд, ки ин зимни васл ба шабакаҳои байнулмилалӣ онҳро ба Русия вобаста мекунад ва дар навбати худ ин омил ҳамчунин ба суръати паст ва нархҳои баланд ҳам ба фурӯши интернети яклухт ва ҳам дар сатҳи чакана ба истеъмолгарон боис мегардад.

Сингх таъкид доштааст, ки лоиҳаи Digital CASA минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам пайваста, иқтидори гузаронандагии шабакаҳои фаромарзии интернетро беҳтар месозад.

«Дар доираи лоиҳа мо бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ дошта, то ҳол барои пайвасташавӣ ба он аз ҳукуматҳои Афғонистону Кирғизистон расман мактуб гирифтем. Ҳукумати Қазоқистон ҳам манфиатдории худро изҳор намуд. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба мо пайваст шавад», – гуфт ӯ рӯзи 14 октябр дар Душанбе.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва васеъхат ба роҳёбии ҳамкории ширкатҳои маҳаллӣ ба иқтисоди ҷаҳон, густариши имконоти тиҷоратии онҳо, афзоиши сармоя ва рақобатпазиӣ дар бозор кумак мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.