Аслов ҷомеаи ҷаҳониро ба азсаргирии музокирот дар Ховари Миёна даъват кард

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлоси 43-юми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки 18-уми октябри соли 2016  дар шаҳри Тошканд оғоз гардид, ширкат ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни иҷлос, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷаноби Абдулазиз Комилов баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ дар атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони Ислом, мушкилот ва чолишҳои муосир ва роҳҳои таҳия ва татбиқи талошҳо ва иқдомоти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Сироҷидин Аслов зимни суханронӣ дар иҷлос мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба бандҳои гуногуни рӯзномаи СҲИ ироа намуда, ба зарурати аз нав оғоз гирифтан ва таҳким бахшидан ба раванди музокирот дар Ховари Миёна дар асоси қатъномаҳои СММ ва дигар ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби Афғонистон ба равандҳои минтақавии иқтисодӣ, таъмини амнияти долонҳои транзитии тиҷоратӣ тавассути Афғонистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла коркард ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар қаламрави СҲИ таъкид кард.

Созмони ҳамкории исломӣ созмони бузургтарин ваа бештар пурнуфузи расмии ҳукуматии байнулмилии мусалмонӣ мебошад, ки айни замон 57 кишвари саросари дунёро бо аҳолии ҳудуди 1,5 млрд. нафар аҳолӣ муттаҳид мекунад.

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ дар Тошканд рӯзи 18 октяр вохӯрии дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.