Боздошти «ҷодугарон» аз ҲНИТ дар Тоҷикистон

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ду мардеро боздошт намуданд, ки барои таъмини рӯзгори худ ба ҷодугарӣ машғул будаанд. Тибқи маълумоти тафтишот, ҳардуи онҳо узви Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ маъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд.

Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар бораи боздошти ду мард – сокинони ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор гузорише намоиш дода шуда, онҳо шахсан дар бораи «кирдорҳои бад»-и худ назди камера ҳикоят карданд.

Дар гузориш қайд шуд, ки онҳоро кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳринав ва кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор боздошт кардаанд.

Сокини ноҳияи Шаҳринав Рӯзиқул Дӯстмуродов ҳамчун «доумлло» ва сокини Ҳисор – Фатҳиддин Саймиддинов ҳамчун «қорӣ» маъруфанд. Ҳарду боздоштшуда маълумоти олии динӣ ё дунявӣ надошта, барои таъмини рӯзгору зиндагӣ ба ҷодугариву баргузории расму оинҳои динӣ машғул будаанд ва барои ин корҳо аз аҳолӣ пул мегирифтаанд.

Аз ҷумла, Рӯзиқул Дӯстмуродов ба боварии як духтари ҷавони сокини Шаҳринав даромада, ба ӯ ваъда додааст, ки бо ҷодугарӣ ба ӯ барои ба шавҳар баромаданаш кумак мекунад. Дар ниҳояти кор ин духтар ба шавҳар набаромада, ба маъшуқаи «домулло» табдил меёбад. Муддати ду сол Дӯстмуродов бо ин духтар муносибати маҳрамона доштааст. Ба гуфтаи худи боздоштшуда, баъдан ӯ маҷбур шудааст, ки маъшуқааашро ба писари худ ба занӣ диҳад, ки аллакай зану фарзанд доштааст.

Сокини Ҳисор Фатҳиддин Саймиддинов ба он гумонбар дониста мешавад, ки ба ивази пардохти як миқдор маблағи муайян ба ҳамдиёри худ ваъда додааст, ки бо дуъову сеҳру ҷоду ба бозгашти бародарӣ ӯ аз Сурия кумак мекунад ва барои ин дархост кардааст, ки барояш риштаи дарозиаш аз Тоҷикистон то Сурия биоваранд. Ҳар бори муроҷиат «қорӣ» аз ӯ пул мегирифтааст. Табиист, ки ӯ бародари муроҷиаткардаро аз Сурия баргардонида натавонистааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...