Ваколатҳои бештар ба хадамоти махсус дар ҳолатҳои истисноӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бидуни иҷозаи соҳибмулкон ва қарори суд ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд. Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту иловаҳои дахлдор дар ин хусус ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро маъқул шумориданд. Ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза дар ҳолатҳое ҳуқуқ дода […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бидуни иҷозаи соҳибмулкон ва қарори суд ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд.

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту иловаҳои дахлдор дар ин хусус ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро маъқул шумориданд.

Ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза дар ҳолатҳое ҳуқуқ дода мешавад, ки агар пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ, ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он ва зарурати озод кардани гаравгонон вуҷуд дошта бошад.

Ғайр аз ин, дар тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров мутмаин аст, ки ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.

Ӯ аз рӯзноманигорон дархост намуд, ки маълумот доир ба тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллиро дурусту саҳеҳ барои шаҳрвандон инъикос намоянд.

«Чунин навиштан лозим нест, ки кормандони КДАМ кадом вақте хоҳанд бидуни иҷоза ба манзили шаҳрвандон ворид мешаванд. Ба онҳо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ чунин ҳуқуқ дода мешавад, зеро уҳдадоранд, ки барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ҳамаҷониба чораҷӯйӣ кунанд», – қайд кард раиси палатаи поёнии парлумон.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин хотиррасон намуд, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои зарар ба манзил ва амвол ҳангоми баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ, аз ҷониби ҳукумат барои шаҳрвандони ҷуброни он пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...