Боздошти «ҷодугарон» аз ҲНИТ дар Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ду мардеро боздошт намуданд, ки барои таъмини рӯзгори худ ба ҷодугарӣ машғул будаанд. Тибқи маълумоти тафтишот, ҳардуи онҳо узви Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ маъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд. Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар бораи боздошти ду мард – сокинони ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор гузорише намоиш дода шуда, онҳо шахсан дар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ду мардеро боздошт намуданд, ки барои таъмини рӯзгори худ ба ҷодугарӣ машғул будаанд. Тибқи маълумоти тафтишот, ҳардуи онҳо узви Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ маъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд.

Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар бораи боздошти ду мард – сокинони ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор гузорише намоиш дода шуда, онҳо шахсан дар бораи «кирдорҳои бад»-и худ назди камера ҳикоят карданд.

Дар гузориш қайд шуд, ки онҳоро кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳринав ва кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор боздошт кардаанд.

Сокини ноҳияи Шаҳринав Рӯзиқул Дӯстмуродов ҳамчун «доумлло» ва сокини Ҳисор – Фатҳиддин Саймиддинов ҳамчун «қорӣ» маъруфанд. Ҳарду боздоштшуда маълумоти олии динӣ ё дунявӣ надошта, барои таъмини рӯзгору зиндагӣ ба ҷодугариву баргузории расму оинҳои динӣ машғул будаанд ва барои ин корҳо аз аҳолӣ пул мегирифтаанд.

Аз ҷумла, Рӯзиқул Дӯстмуродов ба боварии як духтари ҷавони сокини Шаҳринав даромада, ба ӯ ваъда додааст, ки бо ҷодугарӣ ба ӯ барои ба шавҳар баромаданаш кумак мекунад. Дар ниҳояти кор ин духтар ба шавҳар набаромада, ба маъшуқаи «домулло» табдил меёбад. Муддати ду сол Дӯстмуродов бо ин духтар муносибати маҳрамона доштааст. Ба гуфтаи худи боздоштшуда, баъдан ӯ маҷбур шудааст, ки маъшуқааашро ба писари худ ба занӣ диҳад, ки аллакай зану фарзанд доштааст.

Сокини Ҳисор Фатҳиддин Саймиддинов ба он гумонбар дониста мешавад, ки ба ивази пардохти як миқдор маблағи муайян ба ҳамдиёри худ ваъда додааст, ки бо дуъову сеҳру ҷоду ба бозгашти бародарӣ ӯ аз Сурия кумак мекунад ва барои ин дархост кардааст, ки барояш риштаи дарозиаш аз Тоҷикистон то Сурия биоваранд. Ҳар бори муроҷиат «қорӣ» аз ӯ пул мегирифтааст. Табиист, ки ӯ бародари муроҷиаткардаро аз Сурия баргардонида натавонистааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.