Гарнизони Хоруғ бо бонги хатар ба размоиш сафарбар шуд

Аваз Юлдошев, Аsia-Plus

Тамоми воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хоруғ шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ба макони таъиншуда ҳозир шуданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода тариқи телефон аз ВМКБ ба «Азия-Плюс» хабар дод, наздики 10 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва хизматчиёни эҳтиётии артиши ҷумҳурӣ то соати 9-и субҳ ба машқгоҳи низомии ноҳияи Ишкошим расиданд. «Дар ин ҷо размоишҳои бузургмиқёси чоррӯзаи зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз гардиданд», – гуфт ӯ.

Дар ин размоишҳо ҷониби Чинро танҳо як ротаи Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагӣ мекунад.

Ба ин размоишҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуда, сарбозону афсарони ҳарду кишвар амалҳои муштарак ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро мавриди омӯзишу сайқал қарор медиҳанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати ВМКБ ноҳияи Ишкошим макони баргузории размоишҳои зиддитерористӣ интихоб шудааст, зеро бо вилояти Бадахшони Афғонистон, ки террористони байнулмилалӣ дар он ҳузур доранд, марзи тӯлонӣ дорад.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо роҳбарӣ ба ин тамринҳоро бар дӯш дошта, ҳайати Чинро муовини фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии Синтзян-Уйғур генерал-майор Ван Гой сарварӣ мекунад. Размоишҳои мазкур санаи 24 октябр ба итмом мерасанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.