Гарнизони Хоруғ бо бонги хатар ба размоиш сафарбар шуд

Тамоми воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хоруғ шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ба макони таъиншуда ҳозир шуданд. Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода тариқи телефон аз ВМКБ ба «Азия-Плюс» хабар дод, наздики 10 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва хизматчиёни эҳтиётии артиши ҷумҳурӣ то соати […]

Аваз Юлдошев, Аsia-Plus

Тамоми воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хоруғ шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ба макони таъиншуда ҳозир шуданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода тариқи телефон аз ВМКБ ба «Азия-Плюс» хабар дод, наздики 10 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва хизматчиёни эҳтиётии артиши ҷумҳурӣ то соати 9-и субҳ ба машқгоҳи низомии ноҳияи Ишкошим расиданд. «Дар ин ҷо размоишҳои бузургмиқёси чоррӯзаи зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз гардиданд», – гуфт ӯ.

Дар ин размоишҳо ҷониби Чинро танҳо як ротаи Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагӣ мекунад.

Ба ин размоишҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуда, сарбозону афсарони ҳарду кишвар амалҳои муштарак ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро мавриди омӯзишу сайқал қарор медиҳанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати ВМКБ ноҳияи Ишкошим макони баргузории размоишҳои зиддитерористӣ интихоб шудааст, зеро бо вилояти Бадахшони Афғонистон, ки террористони байнулмилалӣ дар он ҳузур доранд, марзи тӯлонӣ дорад.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо роҳбарӣ ба ин тамринҳоро бар дӯш дошта, ҳайати Чинро муовини фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии Синтзян-Уйғур генерал-майор Ван Гой сарварӣ мекунад. Размоишҳои мазкур санаи 24 октябр ба итмом мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.