Анҷоми мулоқоти раҳбарони «чаҳоргонаи нормандӣ» дар Берлин

Дар Берлин мулоқоти раҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ", ки дар он президентҳо Русия, Украина, Фаронса ва садри аъзами Олмон масоили ҳалли низоъ дар Донбассро баррасӣ карданд, ба поён расид. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Петр Порошенко, президенти Украина баъди анҷоми мулоқот иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо оиди сафарбар намудани маъмурони мусаллаҳи САҲА ба Донетск ва Луганск […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Берлин мулоқоти раҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ", ки дар он президентҳо Русия, Украина, Фаронса ва садри аъзами Олмон масоили ҳалли низоъ дар Донбассро баррасӣ карданд, ба поён расид.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Петр Порошенко, президенти Украина баъди анҷоми мулоқот иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо оиди сафарбар намудани маъмурони мусаллаҳи САҲА ба Донетск ва Луганск созиш кардаанд. "Роҳнамои ҷузъиёти иҷрои созишномаи Минскро бояд вазирони корҳои хориҷиии "чаҳоргонаи нормандӣ" моҳи ноябр тасдиқ кунанд", – афзудааст ӯ.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон баъди гуфтушуниди 6-соатӣ дар Берлин, ки ба нооромиҳои Сурия ва Украина бахшида шуда буд, гуфтааст, "чизи аҷибе ба даст наомад", аммо роҳнамоии нав ба ҳамаи ҷонибҳо имкон медиҳад, ки созишномаи Минскро ба иҷро расонанд.

Иштирокдорони гуфтушунид ҳамчунин созиш кардаанд, ки миёни ҷонибҳои даргир минтақаи дахлнопазир таъсис ва барои беҳбуди вазъи башардӯстона чора андешида шавад. "Ин гуна гуфтушунидҳо бояд ҳар чи зудтар идома ёбанд, то фурсат аз даст наравад", – афзудааст Меркел.

Порошенко қайд кардааст, ки "дар роҳнамои нав бояд иҷрои мунтазами қарордоди Минск ва кафолати амалӣ гардидани он зикр карда шавад". Ба гуфтаи Порошенко, тарафҳо низ созиш кардаанд, ки нерӯҳоро аз чор минтақаи нави хатти ҷанг дар Донбасс берун баранд.

"Афзоиши маъмурони мусаллаҳи САҲА дар шарқи Украина ба нозирон иҷозат медиҳад, ки бо худ силоҳ гиранд ва ба ҳамаи минтақаҳо дастрасӣ дошта бошанд", – илова кардааст президенти Украина.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио