Дар бархӯрди КАМАЗ бо скутер ҷавони 18-сола ба ҳалокат расид

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, тахминан соати 19:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Зафаробод”, дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 31-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Шаҳритус”, дар километри 118-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори роҳ чаппа кардааст.

Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ мутаассифона, мусофири автомашина марди 44-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи мазкур дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Рӯзи якшанбе бошад, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан,  ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Деҳотии шаҳри мазкур, писарбачаи 11-солаи сокини Истаравшанро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия” марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар гардиши роҳи “Маданият-Айнӣ-Бобокалонов” марди 76-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар ин ҳодисаи нохуш пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Санаи 23 октябр, тахминан  соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилӣ аз тарафи кӯчаи Абай ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи тамғаи “Скутер” таҳти идораи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар ин бархурд, ронандаи дучарха ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ғайр аз ин, ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Урал” марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат  дар роҳи нақлиётгарди “Ланлиф-Худгифи боло” дар мавзеи чашмаи “Муллоҳусейн”-и ҳамин ноҳия, ногаҳон аз баландии кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи мазкур бархӯрдаанд.

Дар натиҷа,  ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 150-метр чаппа шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...