Нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 25% меафзояд

Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017», ки мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад, аз 40 сомонии ҳозира то ба 50 сомонӣ афзудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб пешбинӣ шудааст. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни ҶТ  дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017», ки мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад, аз 40 сомонии ҳозира то ба 50 сомонӣ афзудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб пешбинӣ шудааст.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни ҶТ  дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор бояд ҳамчун қоида бо дарназардошти сатҳи беқурбшавӣ, ки барои соли дахлдор пешбинӣ карда мешавад, сурат гирад.

Аз 1 июли соли 2008 мафҳуми «нишондиҳанда барои ҳисоб» дар Тоҷикистонро калимаҳои «ҳаҷми ақали музди меҳнат», «музди меҳнати ҳадди ақал», «ҳаҷми ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат», «музди меҳнати ҳадди ақали моҳона» барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ иваз кард.

Аз 1 январи соли 2015 ҳаҷми ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.