Машваратҳои ҳамасолаи Тоҷикистону ИМА дар Душанбе

Муовини якуми ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Сафир Уилям Е. Тодд ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаро дар шашумин ҷаласаи ҳарсолаи машваратӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки 21 октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, сарварӣ намуд. Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, ҳайати байниидоравии намояндагони ИМА, ки Сафир Элизабет Миллард ба он […]

Иттилоияи расмӣ

Муовини якуми ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Сафир Уилям Е. Тодд ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаро дар шашумин ҷаласаи ҳарсолаи машваратӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки 21 октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, сарварӣ намуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, ҳайати байниидоравии намояндагони ИМА, ки Сафир Элизабет Миллард ба он ҳамроҳ шуд, масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ намуд. Ҷонибҳо зарурати ҳамкории наздиктар дар самти мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва қочоқи маводи мухаддирро таъкид намуда, ҳамчунин масоили дастгирии рушди иқтисодиро баррасӣ намуданд. Сафир Тодд иброз дошт, ки дар баробари дастгирии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз истиқлолияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин таъмини кӯмаки худро, ҳангоми пешравии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ, идома дорад.

Машваратҳои ҳарсолаи мазкур муколамаи аз ҳама мукаммалтарин байни ду кишвар ба ҳисоб меравад ва имкон медиҳад, то ҷонибҳо ҷузъиёти муносибати байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар соли пешинро дида бароянд ва ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои ояндаро муайян кунанд.

Дар аввали соли 2017 Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 25-солагии ҳамкории дипломатиашонро таҷлил менамоянд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида умед дорад, ки шарикии мутақобилан судманд ва пешравии пойдори Тоҷикистон суи демократия, тараққиёт ва сулҳу осоиштагӣ давоми як чоряки дигари аср идома хоҳад дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.