Вазорати молия: Фаъолияти ТАЛКО зиёновар аст

Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар робита ба гузаштан ба низоми толлингӣ ба вазъи молии номусоид дучор шуд. Айни замон аз ҳисоби истеҳсоли ҳар як тонна алюминии толлингӣ ширкат дар ҳаҷми 100 доллари ИМА зиён мебинад.

Дар ҳисоботи доир ба фаъолияти ТАЛКО давоми солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016  интишоршуда аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ ба он оварда расонид, ки имрӯз ширкат бо зиён фаъолият дорад.

Тибқи таҳлилҳои Вазорати молия, гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ ба хароҷоти бесамар, ношаффоф будани ҳисоботи молиявӣ ва қарордодҳо, зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва зиёд гардидани қарзҳои дебиторию кредиторӣ боис гардидааст.

Хотиррасон мешавад, ки бо қарори ҳукумат моҳи апрели соли 2007 Корхонаи алюминии тоҷик ба КВД «Ширкати алюминии тоҷик» табдили ном карда, бар асоси озмун ширкати толлингии Talco Management Limited таъминкунандаи ашёи хом барои ТАЛКО интихоб шуд.

Зикр мегардад, ки мувофиқи қарордод, Talco Management Limited барои истеҳсоли 1 тонна алюминий ба ТАЛКО 500 доллари амрикоӣ пардохт карда, аммо ТАЛКО аз истеҳсоли 1 тонна алюминий тақрибан 100 доллар зиён мебинад.

Гуфта мешавад, даромадҳои ТАЛКО аз фаъолияти истеҳсолӣ давоми солҳои 2010-2015 3,9 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. $)-ро ташкил дода, бо назардошти тиҷорати хориҷӣ ширкат нишон додааст, ки 10 млрд. сомонӣ (2,7 млрд. $) ба даст овардааст. «Дар ҳисоботи худ ширкат даромад дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. $) аз ҳисоби тиҷорати хориҷиро зикр накардааст», – омадааст дар ҳисоботи Вазорати молия.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминий ҳамасола ба ҳисоби миёна ба андозаи 12% кам шуда, аз 348,8 ҳазор тонна дар соли 2010 то ба 139,1 ҳазор тонна дар соли 2015 коҳиш ёфтааст, яъне истеҳсоли металл дар ин давра ба миқдори 209,7 ҳазор тонна ё худ 39,8% поин рафтааст. Коҳиши воридоти ашёи хом барои истеҳоли алюминий дар ин солҳо низ зикр шудааст.

Дар ҳисобот қайд мешавад, ки дар натиҷаи пайваста афзудани қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ ширкат ба вазъи номусоиди молӣ дучор шуд.

Ба санаи 1 январи соли 2016 қарзҳои дебитории ТАЛКО 455,2 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба миқдори 328,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Ба ҳамин сана қарзҳои кредитории ширкат ба 2 млрд. 257,1 млн. сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2010 ба миқдори 859,1 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии коргарони ТАЛКО аз 10 ҳазору 166 нафар дар соли 2010 то ба 7 ҳазору 623 нафар дар соли 2015 кам шудааст. Айни замон 7,9 ҳазор нафар дар ширкат машғули коранд, ки нисбат ба соли 2010 2 ҳазору 266 нафар камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ТАЛКО аз нашри арзёбии Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи вазъи ин ширкат нигаронӣ карданд. Игор Сатторов, роҳбари Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи Талко, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, нашри арзёбии вазъи ин ширкат аз тарафи Вазорати молия бе мувофиқа бо маъмурияти корхона сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...