Бозори «Зелёний»-ро ин дафъа оташнишонон бастанд

Asia-Plus

Бозори «Шоҳмансур», ки миёни мардуми пойтахт бештар бо номи бозори «Зелёний» маъруф аст, субҳи имрӯз баста шуда, савдогарони назди дарвозаи бозор гирдомада боз кардани онро талаб карданд.

Ба қавли яке аз савдогарони бозор, онҳо ҳар моҳ маблағи иҷораву андозро пардохт карда, аз сабаби баста шудани бозор огаҳӣ надоранд. «Ҳеҷ касе аз кормандони маъмурияти бозор то ҳол ба мо масъаларо шарҳ надодааст», – гуфт яке аз фурӯшандагон.

Муовини директори бозори «Шоҳмансур» Машраб Қараев ба «Азия-Плюс» дар шарҳи сабаби он изҳор намуд, ки Раёсати давлатии хадамоти оташнишонии пойтахт дар бораи қатъи фаъолияти бозор ба як муҳлати муайян, яъне «то бартараф кардани камбудиҳо дар риояи қоидаҳои зидди сӯхтор» қарор содир кардааст.

«Аз субҳ дар бозор комиссияе фаъолият дорад, ки анҷоми корҳои зарурӣ дар ин самтро арзёбӣ мекунад. Ҳамаи овозаҳои ба маркази савдои «Пойтахт-90» кӯчонидани соҳибкорони бозор асоси воқеӣ надоранд», – изҳор дошт Қараев.

Аммо соҳибкорони бозор мегӯянд, бо ин амал хадамоти оташнишонӣ супориши шаҳрдориро бобати таблиғи кор дар маркази савдои «Пойтахт-90» иҷро мекунад, вале савдогарону харидорон хоҳиши ба ин марказ рафтанро надошта, сабаби асосиаш номувофиқии макони ҷойгиршавии ин маркази савдо мебошад.

«Чанд сол пеш низ бозори «Шоҳмансур»-ро баста, изҳор дошта буданд, ки дар ин ҷо бояд танҳо маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шавад. Фурӯшгоҳҳои моро баста, лекин баъди чанд моҳ ба мо пешниҳод карданд, ки савдоро дар бозори худамон барқарор кунем», – иброз дошт як савдогарзани сарулибос.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли гузашта бо мақсади пешгирӣ аз савдои кӯчагӣ ва роҳ надодан ба танбашавии нақлиёт дар мавзеи назди бозори «Шоҳмансур», нуқтаҳои фурӯш  баста шуда, баъди чанде савдогарон боз ба ҷойҳои худ баргаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...