Бозори «Зелёний»-ро ин дафъа оташнишонон бастанд

Бозори «Шоҳмансур», ки миёни мардуми пойтахт бештар бо номи бозори «Зелёний» маъруф аст, субҳи имрӯз баста шуда, савдогарони назди дарвозаи бозор гирдомада боз кардани онро талаб карданд. Ба қавли яке аз савдогарони бозор, онҳо ҳар моҳ маблағи иҷораву андозро пардохт карда, аз сабаби баста шудани бозор огаҳӣ надоранд. «Ҳеҷ касе аз кормандони маъмурияти бозор то […]

Asia-Plus

Бозори «Шоҳмансур», ки миёни мардуми пойтахт бештар бо номи бозори «Зелёний» маъруф аст, субҳи имрӯз баста шуда, савдогарони назди дарвозаи бозор гирдомада боз кардани онро талаб карданд.

Ба қавли яке аз савдогарони бозор, онҳо ҳар моҳ маблағи иҷораву андозро пардохт карда, аз сабаби баста шудани бозор огаҳӣ надоранд. «Ҳеҷ касе аз кормандони маъмурияти бозор то ҳол ба мо масъаларо шарҳ надодааст», – гуфт яке аз фурӯшандагон.

Муовини директори бозори «Шоҳмансур» Машраб Қараев ба «Азия-Плюс» дар шарҳи сабаби он изҳор намуд, ки Раёсати давлатии хадамоти оташнишонии пойтахт дар бораи қатъи фаъолияти бозор ба як муҳлати муайян, яъне «то бартараф кардани камбудиҳо дар риояи қоидаҳои зидди сӯхтор» қарор содир кардааст.

«Аз субҳ дар бозор комиссияе фаъолият дорад, ки анҷоми корҳои зарурӣ дар ин самтро арзёбӣ мекунад. Ҳамаи овозаҳои ба маркази савдои «Пойтахт-90» кӯчонидани соҳибкорони бозор асоси воқеӣ надоранд», – изҳор дошт Қараев.

Аммо соҳибкорони бозор мегӯянд, бо ин амал хадамоти оташнишонӣ супориши шаҳрдориро бобати таблиғи кор дар маркази савдои «Пойтахт-90» иҷро мекунад, вале савдогарону харидорон хоҳиши ба ин марказ рафтанро надошта, сабаби асосиаш номувофиқии макони ҷойгиршавии ин маркази савдо мебошад.

«Чанд сол пеш низ бозори «Шоҳмансур»-ро баста, изҳор дошта буданд, ки дар ин ҷо бояд танҳо маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шавад. Фурӯшгоҳҳои моро баста, лекин баъди чанд моҳ ба мо пешниҳод карданд, ки савдоро дар бозори худамон барқарор кунем», – иброз дошт як савдогарзани сарулибос.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли гузашта бо мақсади пешгирӣ аз савдои кӯчагӣ ва роҳ надодан ба танбашавии нақлиёт дар мавзеи назди бозори «Шоҳмансур», нуқтаҳои фурӯш  баста шуда, баъди чанде савдогарон боз ба ҷойҳои худ баргаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.