Профессор: Низоми толлингӣ методи қадимаи пулшӯйӣ аст

Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бо хулосаи Вазорати молия оид ба камсамар будани фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз рӯи низоми толлингӣ комилан розӣ аст. «Дар аввал ҳам муқобили гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ будам. Ин «методи дақёнусӣ» аст, ки ба ҳилаву найранг ва фиребгарӣ нигаронида шудааст», – гуфт профессор. Коршинос қайд кард, ки […]

Asia-Plus

Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бо хулосаи Вазорати молия оид ба камсамар будани фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз рӯи низоми толлингӣ комилан розӣ аст.

«Дар аввал ҳам муқобили гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ будам. Ин «методи дақёнусӣ» аст, ки ба ҳилаву найранг ва фиребгарӣ нигаронида шудааст», – гуфт профессор.

Коршинос қайд кард, ки ба воситаи ин низом шахсони муайян тариқи минтақаҳои оффшорӣ ба пулшӯйӣ машғул мешаванд. «Хулласи калом, ин низом воситаест барои ғорати корхона, ки айни замон давлат амалиёти онро пурра таҳти назорат дошта наметавонад», – чунин мешуморад ӯ.

Қаюмов дар идома гуфт, моҳияти масъала дар он аст, ки ширкати алюминий бояд Тоҷикистонро «хӯронаду пӯшонад», вале дар асл корхонаро давлат дастгирӣ мекунад.

Номбурда таъкид дошт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ корхона бидуни миёнараве метавонад мустақилона худашро бо ашёи хом таъмину маҳсулот истеҳсол карда, онро фурӯшад. «Дар шароити иқтисоди бозорӣ ин тарзи кор судмандтарин аст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои истеҳсоли алюминий дастрасӣ ба нерӯи барқи арзон омили асосӣ аст. «ТАЛКО муддати тамоми сол бо тарифҳои пасттарин бо нерӯи барқ таъмин аст», – илова кард профессор.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳисобот доир ба фаъолияти ТАЛКО давоми солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016  интишоршуда аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ ба он оварда расонид, ки имрӯз ширкат бо зиён фаъолият дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.