Аз рақами «111»-и тоҷикии айни «911» интизориҳо ҳосил нашуд: барчинии он хеле осон аст

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аз ҷорисозии рақами ягонаи хадамоти наҷотбахшӣ – «111», ки моҳи октябри соли 2011 ба хотири осон шудани даъвати ҳамаи хадамоти фаврӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, интизориҳо ҳосил нашуданд, зеро барчинии пайваста се рақами «1» хеле осон буда, ба ин рақам зангҳои нозаруру нолозим зиёд ворид мешуданд. Акнун рақами нави хадамоти наҷобахшӣ – «112» мавриди таҳия қарор дорад.

Пас аз 5 сол кӯшиш кардем, ки ба ин рақам занг занем ва ба мо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷавоб доданд. «Бинобар барчинии осони рақамҳо зангҳои нолозими зиёде, аз ҷумла аз кӯдакон ворид мешуд, ки ба хароҷоти беҳудаи вақти хадамоти таъҷилӣ боис гардид. Аз ин рӯ, феълан ин рақам танҳо дар доираи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода амал мекунад», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумита Умеда  Юсуфова.

Ба гуфтаи ӯ, Кумита лоиҳаи нави рақами ягонаи наҷотбахшӣ бо барчинии нисбатан душвори рақамҳо – «112»-ро омода карда, онро ба баррасии ҳукумат пешниҳод кардааст ва ин масъала то охири сол ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар дигар хадамоти фаврии ҷумҳурӣ рақамҳои маъмулӣ фаъоланд: аз телефонҳои муқаррарӣ – 01 (хадамоти оташнишонӣ), 02 (милитсия), 03 (ёрии таъҷилии тиббӣ), 04 (хадамоти газ); аз телефонҳои мобилӣ пеш аз ин рақамҳо шумораи «1» илова мешавад – 101,102 ва ғайра.

Ғайр аз ин, моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон рақами «1919» – телефони коммутатори Вазорати корҳои дохилӣ фаъол шуд, ки ба он метавон ҳам аз телефонҳои муқаррарӣ ва ҳам аз телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) занг зад.

Дар робита ба рақами «911» метавон гуфт, ки дар ИМА мардум дар сурати гирифторӣ ба фалокат барои кӯмаки таъҷилӣ ба шумораи «911» занг мезанад. Кормандони ин марказ барои раҳоӣ аз ин фалокат ба онҳо машваратҳои муфид дода, кормандони бахши зарурии таъмини амният ё наҷотбахширо ба маҳалли ҳодиса сафарбар мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.