Аз рақами «111»-и тоҷикии айни «911» интизориҳо ҳосил нашуд: барчинии он хеле осон аст

Аз ҷорисозии рақами ягонаи хадамоти наҷотбахшӣ – «111», ки моҳи октябри соли 2011 ба хотири осон шудани даъвати ҳамаи хадамоти фаврӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, интизориҳо ҳосил нашуданд, зеро барчинии пайваста се рақами «1» хеле осон буда, ба ин рақам зангҳои нозаруру нолозим зиёд ворид мешуданд. Акнун рақами нави хадамоти наҷобахшӣ – «112» мавриди […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аз ҷорисозии рақами ягонаи хадамоти наҷотбахшӣ – «111», ки моҳи октябри соли 2011 ба хотири осон шудани даъвати ҳамаи хадамоти фаврӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, интизориҳо ҳосил нашуданд, зеро барчинии пайваста се рақами «1» хеле осон буда, ба ин рақам зангҳои нозаруру нолозим зиёд ворид мешуданд. Акнун рақами нави хадамоти наҷобахшӣ – «112» мавриди таҳия қарор дорад.

Пас аз 5 сол кӯшиш кардем, ки ба ин рақам занг занем ва ба мо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷавоб доданд. «Бинобар барчинии осони рақамҳо зангҳои нолозими зиёде, аз ҷумла аз кӯдакон ворид мешуд, ки ба хароҷоти беҳудаи вақти хадамоти таъҷилӣ боис гардид. Аз ин рӯ, феълан ин рақам танҳо дар доираи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода амал мекунад», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумита Умеда  Юсуфова.

Ба гуфтаи ӯ, Кумита лоиҳаи нави рақами ягонаи наҷотбахшӣ бо барчинии нисбатан душвори рақамҳо – «112»-ро омода карда, онро ба баррасии ҳукумат пешниҳод кардааст ва ин масъала то охири сол ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар дигар хадамоти фаврии ҷумҳурӣ рақамҳои маъмулӣ фаъоланд: аз телефонҳои муқаррарӣ – 01 (хадамоти оташнишонӣ), 02 (милитсия), 03 (ёрии таъҷилии тиббӣ), 04 (хадамоти газ); аз телефонҳои мобилӣ пеш аз ин рақамҳо шумораи «1» илова мешавад – 101,102 ва ғайра.

Ғайр аз ин, моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон рақами «1919» – телефони коммутатори Вазорати корҳои дохилӣ фаъол шуд, ки ба он метавон ҳам аз телефонҳои муқаррарӣ ва ҳам аз телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) занг зад.

Дар робита ба рақами «911» метавон гуфт, ки дар ИМА мардум дар сурати гирифторӣ ба фалокат барои кӯмаки таъҷилӣ ба шумораи «911» занг мезанад. Кормандони ин марказ барои раҳоӣ аз ин фалокат ба онҳо машваратҳои муфид дода, кормандони бахши зарурии таъмини амният ё наҷотбахширо ба маҳалли ҳодиса сафарбар мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.