Бинобар мушкилот бо Galaxy Note 7 даромади Samsung 30% поин рафт

Даромад аз амалиёти ширкати Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ дар семоҳаи сеюми соли равон бинобар сабаби даъвати баргардонидани смартфонҳои Galaxy Note 7 ба иллати мушкилот дар батареяҳояшон ба андозаи 30% поин рафта, 4,57 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Бино ба маълумоти RNS, дар воҳиди мобилӣ даромад аз амалиёт 90 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки камтарин аз […]

Asia-Plus

Даромад аз амалиёти ширкати Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ дар семоҳаи сеюми соли равон бинобар сабаби даъвати баргардонидани смартфонҳои Galaxy Note 7 ба иллати мушкилот дар батареяҳояшон ба андозаи 30% поин рафта, 4,57 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти RNS, дар воҳиди мобилӣ даромад аз амалиёт 90 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки камтарин аз семоҳаи чоруми соли 2008 аст.

Дар ҳамин ҳол, пули фурӯши Samsung дар семоҳаи сеюм ба миқдори 7,5% кам шуда, 43 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар воҳиди мобилӣ даромад аз фурӯш 15,3% – то 20,29 млрд. доллари ИМА поин рафтааст.

Дар ширкати Samsung беҳтар шудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, аз ҷумла даромади воҳиди мобилиро дар семоҳаи 4-ум интизорӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ