Даъвати намояндагони Тоҷикистон ба фестивали «Шашмақом» дар Ню-Йорк

Date:

Панҷ нафар намояндагони Тоҷикистон ба фестивали «Шашмақом» ба шаҳри Ню-Йорк даъват шудаанд, ки моҳи ноябр ба хотири садсолагии Нериё Аминов, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ, шашмақомсарои маъруфи тоҷик доир мегардад.

Роҳбари ансамбли давлатии Тоҷикистон «Шашмақом» Фурқати Саид ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фестивал рӯзҳои 12-13 ноябр баргузор шуда, он аз ҷониби пайвандону наздикон ва ҳаводорони ин жанри мусиқӣ созмон дода мешавад.

Овозхонон Абдурашид Абдувалиев, Ситораи Кароматулло, Гулчеҳра Қурбонова, шоираи таронасаро Шоираи Раҳимҷон ва худи Фурқат Саид барои иштирок дар ин чорабинӣ даъватнома гирифтаанд.

Ба қавли Фурқати Саид, даъватшудагон то ҳол раводидҳои ИМА-ро нагирифтаанд ва рӯзи 1 ноябр бояд аз суҳбати консули ИМА дар Душанбе гузаранд.

Дар фестивал иштироку ҳунарнамоиҳои Малика Қаландарова, Роман Толмасов, Рошел ва раъно Аминоваҳо, Эзро Малаков ва дигарон дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...