Муҳсин Муҳаммадиев сармураббии «Истиқлол» таъин шуд

Имрӯз, 31 октябр дар дафтари кории тими «Истиқлол»-и Душанбе маросими имзои қарордод бо сармураббии нави даста Муҳсин Муҳаммадиев доир гардид, ки чанд рӯз қабл 50-солагиашро ҷашн гирифт. Қарордод бо собиқ бозигари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе ва собиқ сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон ба муҳлати се сол баста шуда, баъди анҷоми мавсими имсолаи мусобиқаи Лигаи олии футболи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз, 31 октябр дар дафтари кории тими «Истиқлол»-и Душанбе маросими имзои қарордод бо сармураббии нави даста Муҳсин Муҳаммадиев доир гардид, ки чанд рӯз қабл 50-солагиашро ҷашн гирифт.

Қарордод бо собиқ бозигари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе ва собиқ сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон ба муҳлати се сол баста шуда, баъди анҷоми мавсими имсолаи мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат, Муҳсин Муҳаммадиев ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 октябр дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бар дастаи «Барқчӣ» бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 дастболо шуда, як давр пеш аз анҷоми мусобиқа ба унвони чемпиони мавсими имсола соҳиб шуд.

Маълумотнома

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми асри гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Маҳаммадиев аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) — 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони чемпиони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 — 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд. Сипас барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт.

Дорои иҷозатномаи аврупоии мураббии «Pro» УЭФА.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.